«Андалеб» — фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ.

Андалеб
Солҳои баргузорӣ 1996—2016
Мамлакат  Тоҷикистон
Забон тоҷикӣ
Тематика эҷодиёти халқ

Таърих

вироиш

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1996 шурӯъ гардидааст. «Андалеб» идомаи «Бӯстон» аст, аммо доманаи барномаҳояш фарох мебошад. Дар «Андалеб» дар баробари суруди якка, бадеҳа, рақси якка, хор, сюита, намоиши театрӣ, ҳаҷву мутоиба, таронаи дигар халқҳо шаҳру ноҳияҳо ҳунарҳои дастӣ: кулолгарӣ, заргарӣ, оҳангарӣ, дӯзандагӣ, кандакорӣ, қаннодӣ, гулдӯзӣ, қаламзанӣ ва ғайраро ба маърази тамошо мегузоранд; маросимҳои мардумӣ аз қабили «гаҳворабандон», «саршӯён», «сартарошон», «ордбезон», «хирманкӯбон» ва ғайра пешкаш мешаванд. «Андалеб» дар ду давр мегузарад. Дар даври аввал ҳунармандон ва ҳаваскорони санъати ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар маҳалҳо мусобиқа менамоянд ва ғолибон ба озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд. Дар ин марҳала шаш даста (яктогӣ аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, шаҳри Душанбе, водиҳои Ҳисор ва Рашт) сабқат мекунанд. Ғолибон бо қарори ҳакамон бо шоҳҷоиза, ҷои аввал, ду ҷоизаи дуюм, ду ҷоизаи сеюм сарфароз мегарданд. «Андалеб» солҳои 1996, 1999, 2001, 2004, 2006, 2008, 2010 доир шудааст. «Андалеб» ба ривоҷу равнақи санъат ва ҳунари мардумӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

Сарчашма

вироиш