Андарзи кӯдакон
Унсури холии Викидода |
«Андарзи кӯдакон» — яке аз осори адабиёти паҳлавӣ, андарзномаест аз муаллифи номаълум.
Таърих
вироишТақрибан дар садаи VIII тартиб дода шудааст. Асли паҳлавиаш дастрас нагардидааст. Ҳоло шакли позандии он (нигар Позанд) боқист ва номаш дар ин ҷо «Хешкориҳои ридакон» (ридак ба маънои кӯдак) мебошад. «Андарзи кӯдакон» аз пандҳое иборат аст, ки «дабирис-тонхватай» (соҳиби мактаб, мактабдор, устоди дабиристон) ба кӯдакон – шогирдон додааст. Ин пандҳо – вазифаҳое мебошанд, ки ҳар як тифл ҳангоми аз хоб бархостан, ба дабиристон рафтан, баргашта омадан ба хона ва ғайра бояд онҳоро иҷро намояд. Вазифаҳо иборатанд аз саҳаргоҳон аз хоб бархостан, дасту рӯй шустан (таҳорат), риояи қоидаҳои ғизо хӯрдан, дар роҳи дабистон ҳурмати калонсолонро ба ҷо овардан, дар мактаб дар таҳсил кӯшо будан, ҳурмати устодро ба ҷо овардан, гӯш додан ба суханони ӯ, дар хона падару модарро наозурдан ва ғайра Дар ҷамоаи зардуштиёни Эрону Ҳиндустон (штати Гуҷарот), ки зардуштиён зиндагӣ мекунанд, ин қоидаҳоро таълим медиҳанд ва андарзномаҳои мансуру манзуми шабеҳ ба «Андарзи кӯдакон» мутобиқ ба замон тартиб дода мешаванд. Тарҷумаи форсии «Андарзи кӯдакон» дар маҷалла «Чисто» (1368, № 7 – 8) ба табъ расидааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Тавадиа Ҷаҳонгир, Забон ва адабиёти паҳлавӣ – форсии миёна, Т., 1348 ҳ. ш.;
- Тафаззулӣ Аҳмад, Таърихи адабиёти Эрон пеш аз ислом, Т., 1376 ҳ. ш.
Сарчашма
вироиш- Андарзи кӯдакон / М. Диловаров // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.