Андигон (чашмаи оби маъданӣ)
Андигон — чашмаи оби маъданӣ дар 3,5 км ҷанубӣ шарқии шаҳри Ваҳдат. Обаш гидрогенсулфат дорад ва таркибан шабеҳи оби минералии чашмаи Матсестаи шаҳри Сочии кишвари Краснодари Федератсияи Русия аст. Он аз пармачоҳи чуқуриаш 1800 м ба миқдори 4 л/с ҷорист. Ҳарорат дар сарчашма 54°С; минералнокиаш 29 г/л; дар таркибаш хлориди натрию калсий дорад; обаш андаке радиоактивист.
Корбурд
вироишҲамчун оби шифобахши табобатӣ истифода бурда мешавад. Дар назди чашма қабулгоҳи муолиҷагирандагон бо сӣ ҳуҷраи ваннадор, ошхона ва ҷойи фароғат бино ёфтааст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Андигон // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.