Андозаи мусиқӣ — миқдори ҳиссаҳои дорои дарозии муайянест, ки тактро ба вуҷуд меорад. Андозаи мусиқӣ дар намуди каср мустаъқилмаъно ифода мегардад, аҳамиятнокии дарозии як ҳисса (ченак)-и ягона дар шумораи касрӣ ҳамингуна миқдори ҳиссаҳоро дар такт нишон медиҳад.

Андозаи мусиқӣ ба навъҳои сода, мураккаб, омехташуда ва тағйирёбанда тасниф мешаванд.

Андозаи мусиқиҳои сода вироиш

Андозаи мусиқиҳои сода иборатанд аз ҳиссаҳои одии ададҳои тақсимнашавандаи дуякӣ ё сеякӣ; дар Андозаи мусиқии дуҳиссагӣ, ҳисаи 1-ум шиддатнок; 2-юмаш бешиддат (суст); дар андозаи дуҳиссагӣ ҳиссаи 1-ум шиддатнок, 2-юмаш бешиддат (паст). Дар байни андозаҳои сода аз ҳама бештар 2/2, 2/4, 3/4 ба назар мерасанд. Андозаи мусиқиии 2/2 (ҳамчунин бо ₵ ишорат мегардад), аз 2-ҳиссаи нимпурра иборат аст, одатан alla breve (ит. - кӯтоҳ), ки як қадар иҷрои тезтари (2 баробар) ин дарозиҳои тулониро ифода мекунад.

Андозаи мусиқиҳои мураккаб вироиш

Андозаи мусиқии мураккаб иборатанд аз пайвастани якчанд андозаҳои якхелаи сода (яъне 2 -ҳиссагӣ ё 3 -ҳиссагӣ). Дар байни андозаҳои мураккаб бештар паҳн гардидаанд: 4/4 (ҳамчунин бо ₵ ифода мегардад) – иборат аст аз 2 гурӯҳ бо 2/8; 6/8 иборат аст аз 2 гурӯҳ бо 3/8; 9/8 иборат аст аз 3 гурӯҳ бо 3/8; 12/8 иборат аст аз 4 гурӯҳ бо 3/8. Дар Андозаи мусиқии мураккаб ғайр аз задаи ҳиссаи 1-ум ҳамчунин аксенти нисбатан пастар дар ҳиссаи аввали ҳар як гурӯҳ аз ингуна Андозаи мусиқии мураккаб ба вуҷуд меояд: дар А.-и 4/4 - дар чоряки 3-юм; дар А.-и 6/8 – дар ҳаштякӣ 4-ум; дар А.-и 9/8 – дар ҳаштякӣ 4-ум ва 7-ум; дар А.-и 12/8 – дар ҳаштякиҳои 4-ум, 7-ум ва 10-ум рост меоянд.

Андозаҳои омехташуда ва тағийрёбанда вироиш

Андозаҳои омехташуда аз Андозаҳои содаи омехтаи ҳархела иборатанд (яъне 2-ҳиссагӣ ва 3-ҳиссагӣ). Дар байни Андозаҳои омехташуда бештар инҳо паҳн гардидаанд: Андозаи 5/4 – аз 2 гурӯҳ иборат аст: 2/4 + 3/4 ё 3/4 + 2/4. Дар ҳиссаи 1-уми тақт задаи шиддатнок, дар ҳиссаи 1-уми гурӯхи 2-юм нисбатан задаи камшиддат меафтад.

Навъҳои дигари Андозаҳои омехташуда дар мусиқии тоҷикӣ бештар ба назар мерасанд: Андозаи 7/8 – иборат аз 2 гурӯх: 3/8 + 4/8 ё 4/8 + 3/8; ҳамчунин Андозаи омехташудаи 5/8 – иборат аз 2 гурӯҳ: 2/8 + 3/8 ё 3/8 + 2/8. Дар ин Андозаҳо низ дар ҳиссаи 1-ум задаи шиддатнок ва дар ҳиссаи 4-ум – задаи нисбатан камшиддат меафтад. Дар Андозаи тағийрёбанда миқдори ҳиссаҳо дар тақт ҳамчунин дар тули асар ба назар мерасад. Андозаҳои тағийрёбанда зуд-зуд дар сурудҳои халқии русӣ ва таронаҳои «Шашмақом»-и тоҷик ба назар мерасанд.[1]

Нигаред вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.23-24. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)