Андозанокии бузургии физикӣ
Андозанокии бузургии физикӣ — ифодае, ки алоқаи бузургиҳои физикиро бо бузургиҳои асосии системаи воҳидҳо нишон медиҳад.
Системаи бузургиҳои физикӣ ва системаи воҳидҳо
вироишКомитети байналхалқии ченаку вазнҳо системаи воҳидҳоеро қабул кард, ки аз ҳафт бузургии асосии новобаста иборат аст. Чунончи, дар Системаи байналхалқии воҳидҳо (СИ) ба сифати бузургиҳои асосӣ дарозӣ (L), масса (М), вақт (T), қувваи ҷараёни электрикӣ (I), ҳарорати термодинамикӣ (Θ), миқдори модда (N) ва қувваи рӯшноӣ (J) қабул шудааст. Воҳиди бузургиҳои дигар (суръат, кор, гармиғунҷоиш, ноқилияти электрикӣ ва ғайра) бузургиҳои ҳосилавӣ мебошанд. Вобастагии байни бузургиҳои асосӣ ва ҳосилавиро ин тавр муайян мекунанд:
[Р] = Lα Mβ Tγ Θ δ I τ…
Нишондиҳандаи дараҷаҳо (α, β, γ, δ, τ, …) қиматҳои бутун, каср, мусбат, манфӣ ва сифр шуда метавонанд. Масалан, формулаҳои андозанокии суръат, кор, ғунҷоиш ва ноқилияти электрикӣ чунин аст:
[υ] = L M0 T–1; [A] = L2 M T–2;
[c] = L2 M T–2Θ–1 ва
[G] = L–2 M–1 T3 I2.
Дар сурати α=β=γ=δ=τ=0 будан андозаи ин бузургиҳо нисбат ба бузургиҳои асосӣ ба сифр баробар мегардад. Формулаи андозанокии бузургии физикӣ дар системаи воҳидҳои гуногун якхела буда, қимати бузургиҳо танҳо ба воҳиди ченкунӣ вобаста аст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Андозанокии бузургии физикӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.