Андозбандӣ — усулҳои татбиқи андозситонии давлатӣ.

Навъҳо

вироиш

Мувофиқи тарзи андозситонӣ андозбандӣ ду навъ мешавад:

Мустақим

вироиш
Мақолаи асосӣ: Андози мустақим

Андози мустақим аз даромад ва ё амволи ашхоси воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи меъёрҳои муқарраршуда ситонда мешавад. Андози мустақим дар нафси худ ду навъ мешавад:

  • андози мустақими воқеӣ, ки бо он қитъаҳои замин, ҳайвоноти хонагӣ, амволи ғайриманқул
  • андозҳои мустақими воқеии хусусӣ, ки даромад ё амволи ашхоси воқеӣ (андоз аз даромад, андоз аз мерос ва ё чизҳои ҳадяшуда ва амсоли инҳо) андозбандӣ мешаванд.

Ғайримустақим

вироиш
Мақолаи асосӣ: Андози ғайримустақим

Андозбандӣ ғайримустақим (ё худ аксизҳо) аз тариқи арзиши молҳо, аслан ашёи серистеъмол ситонда мешавад. Объекти андозбандӣ ва (ё) объекти бо андозбандӣ алоқаманд объекти дорои тавсифи арзишӣ, миқдорӣ ё физикӣ буда, ҳангоми мавҷудияти он (объект) қонунгузории андоз нисбати андозсупоранда (субъект) ӯҳдадориҳоро доир ба пардохти андоз муайян менамояд. Ҳар кадом андоз объекти мустақили ба худ хос дорад.

Нигаред низ

вироиш

Сарчашма

вироиш