Андозе, ки тибқи низоми содакардашуда пардохта мешавад

Андозе, ки тибқи низоми содакардашуда пардохта мешавад. Ин як намуди махсуси андозе ба буҷет мебошад. Супорандагони андози мазкур соҳибкорони инфиродӣ, корхонаҳо, филиал ва намояндагони шахсони ҳуқуқии хориҷӣ мебошанд. Даромади онҳо барои давраи на зиёда аз як соли тақвимӣ ба дарназардошти андозе аз фурӯши чакана аз ҳадди чоркаратаи муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мақсадҳои бақайдгирӣ ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда зиёд намебошад. Объекти андозбандӣ даромади умумии дар давраи ҳисоботӣ бадастомада аст. Меъёри андоз дар ҳаҷми 12 фоизи объекти андозбандӣ муқаррар карда мешавад. Тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкорони инфиродӣ ҳуқуқ доранд, ки барои супоридани андоз аз шакли патент истифода намоянд.

Сарчашма

вироиш