Андоз аз даромади шахсони воқеӣ

Андоз аз даромади шахсони воқеӣ — намуди муҳими андози мустақим.

Онро бо ҳисоби фоиз аз маблағи умумии даромадҳои пулии шахсони воқеӣ бо роҳи тарҳи хароҷоти дар заминаи ҳуҷҷатҳои тасдиқшуда ва бо дарназардошти қонунгузории амалкунанда ҳисоб мекунанд. Дар соли 2009 воридоти андози даромади шахсони воқеӣ ба 7,5%-и маблағи умумии даромадҳои андози буҷети давлатии Тоҷикистон баробар буд. Тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон ҳамчун шахсони воқеии резидент ва шахсони ғайрирезидент (нафароне, ки дар ташкилотҳои доимӣ фаъолият доранд) ин андозро аз даромади андозбандишаванда ба буҷет пардохт менамоянд. Даромадҳои умумии шахсони воқеӣ иборатанд аз: даромадҳое, ки ба тариқи музди меҳнат гирифта мешаванд; даромадҳо аз фаъолияте, ки кори кироя ҳисоб намешаванд; ҳама гуна даромадҳои пулии дигар. Дар баробари ин, дар қаламрави Тоҷикистон аз намудҳои зерини даромади шахсони воқеӣ андоз ситонида намешавад: даромад аз фаъолияти расмии дипломатӣ ё консулие, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд; даромад аз меҳнати кирояи шахсе, ки резидент ё шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон нест ва дар қаламрави ин кишвар дар соли андозӣ камтар аз 90 рӯз истиқомат дошт, агар чунин даромадро корфармо — ғайрирезидент диҳад; арзиши молу мулки аз дигар шахси воқеӣ дар шакли туҳфа ё мерос гирифташуда; туҳфаҳои аз шахсони ҳуқуқӣ гирифташуда дар ҳаҷми 100 музди меҳнати ҳадди ақали моҳона, ки аз як сол зиёд намебошад; ҷоизаҳои дар намоишҳо ва мусобиқаҳои байналмилалӣ гирифташуда дар ҳаҷми 500 музди меҳнати ҳади аққали моҳона, ки аз як сол зиёд нест; нафақаҳои давлатӣ, стипендияҳои давлатӣ ва ҷубронпулиҳои давлатӣ, аз ҷумла пардохт ва ҷубронпулиҳо барои дафн ва таваллуди кӯдак; алиментҳо аз ашхосе, ки онро мегиранд ва ғайра Аз даромадҳое, ки ба фаъолияти кироя мансуб намебошанд:

  1. даромад аз фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла маблағ аз фурӯш ё додани активҳое (дороиҳое), ки барои пеш бурдани фаъолияти соҳибкорӣ дода мешаванд; ҳамзамон маблағҳое, ки аз фурӯши воситаҳои асосӣ пайдо ва ба таркиби даромад дохил карда шудаанд;
  2. даромад аз фаъолияти ғайрисоҳибкорӣ, ба мисли: даромади фоизҳо; суди саҳмияҳо (дивидендҳо); даромад аз иҷора ё кирояи молу мулк; роялтӣ ва ғайра.

Адабиёт

вироиш
  • Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М. А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009

Сарчашма

вироиш