Андози роялтӣ барои об

Андози роялтӣ барои об — намуди андоз, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти 2009 ҷорӣ гаштааст. Супорандагони роялтӣ барои об шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие мебошанд, ки дар Ҷмҳурии Тоҷикистон обро барои истеҳсоли нерӯи барқ истифода мебаранд. Объекти андозбандии роялтӣ барои об истифодаи объектҳои (иншооти) обӣ барои истеҳсоли нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои барқии обӣ эътироф шудаанд. Манбаи андоз нисбат ба ҳар як объекти обӣ алоҳида муқаррар карда мешавад. Истифодаи объектҳои обӣ барои истеҳсоли нерӯи барқ ҳангоми аз 1000 кВт бештар набудани иқтидори объектҳои барқистеҳсолкунанда аз супоридани андоз озод мебошанд. Меъёри роялтӣ барои об ба андозаи 0,06 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба ҳар 1000 кВт/соат ба ҳолати охири давраи андоз муқаррар карда мешавад. Маблағи роялтӣ барои об аз рӯи натиҷаи ҳар як давраи андоз ҳамчун ҳосили зарби манбаи андоз ба меъёри андоз ҳисоб мекунанд.

Андозҳои дигари ҳатмии умумиҷумҳуриявӣ, одатан, моҳияти комплексӣ доранд ва аз андозҳои гуногун таркиб ёфтаанд. Номгӯи ин гуна андозҳо дар санадҳои дигари ҳуқуқӣ – меъёрии Тоҷикистон нишон дода шудааст.

ЭзоҳВироиш

СарчашмаВироиш