Андози ҳадди ақал аз даромадҳо

Андози ҳади ақал аз даромадҳо — намуди андоз, ки тибқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 марти 2008 ҷорӣ карда шудааст. Супорандагони чунин андоз инҳоанд: корхонаҳои резидентӣ; корхонаҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти соҳибкориро ба воситаи муассисаҳои худ анҷом медиҳанд; соҳибкорони инфиродие, ки даромади умумиашон дар давраи пешинаи давомнокиаш на зиёда аз 12 моҳи пурраи тақвимӣ аз ҳадди чоркаратаи барои мақсадҳои бақайдгирӣ ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда зиёд бошад. Меъёри андози ҳади ақал аз даромадҳо ба як фоизи объекти андозбандӣ баробар аст.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш