Андоз аз истифодабарандагони қаъри замин
Андоз аз истифодабарандагони қаъри замин — чунин пардохтҳои махсуси пулие мебошад, ки ба буҷаи ҷумҳурӣ мутобиқи шартнома оид ба амалиётҳое, ки ба истифодабарии конҳо дахл доранд, анҷом дода мешавад.
Талаботи пардохт
вироишТалабот оид ба пардохти андоз ва пардохтҳои махсус, ки барои истифодабарандагони қаъри замин муқаррар мешавад, дар шартномаҳо оид ба истифодаи қаъри замин байни сармоягузор ва мақомоти салоҳиятдоре, ки аз ҷониби Ҳукумати ҶТ ваколатдор карда шудааст, мувофиқи қонунгузории амалкунанда муайян карда мешаванд. Андозбандии истифодабарандагони қаъри замин бо назардошти намудҳои асосии шартномаҳои сармоягузорӣ ба ду навъ тақсим мешаванд:
- дар нисбати истифодабарандагони қаъри замин пардохтани тамоми намудҳои андоз ва пардохтҳои махсусро, ки тибқи Кодекси андози ҶТ муқаррар шудаанд, пешбинӣ мекунад;
- аз ҷониби истифодабарандагони қаъри замин супоридани ҳиссаи ҶТ оид ба тақсими маҳсулот, инчунин пардохти намудҳои алоҳидаи андоз ва пардохтҳои ба онҳо баробаркардашуда пешбинӣ мекунад.[1].
Андозҳо аз истифодабарандагони қаъри замин дар шакли бонусҳо[2] ва роялти ба буҷети умумиҷумҳуриявӣ ба таври ҳатмӣ аз тарафи ҳамаи истифодабарандагони қаъри замин пардохта мешавад. Истифодабарандагони қаъри замин зимни истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок ва маъданҳои гуногун ба буҷети давлат бояд ҳатман андозҳо супоранд.
Бонусҳо пардохтҳои яккаратаи пулӣ барои истифодабарандагони қаъри замин ба буҷети давлат мебошанд. Бонусҳо дар ду намуд, яъне бонуси обунавӣ ва бонуси кашфи тиҷоратӣ пардохт мешаванд. Меъёр ва андозаи бонусҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
Роялтӣ ҳамчун шакли андозҳои ҳатмӣ аз ҷониби истифодабарандагони қаъри замин дар алоҳидагӣ, доир ба ҳар намуди канданиҳои фоиданок ба буҷети давлат супорида мешавад. Ҳаҷми роялтӣ вобаста ба манбаи андозбандӣ, заминаи ҳисобкунӣ ва меъёр муқаррар карда мешавад.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Андоз аз истифодабарандагони қаъри замин / С. Ҳабибов // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.