Андоз аз моликияти шахсони ҳуқуқӣ

Андоз аз моликияти шахсони ҳуқуқӣ — чунин андози ҷумҳуриявӣ мебошад, ки мутобиқи меъёри муқарраршуда аз арзиши бақияи тавозуни миёнаи солонаи моликияти шахсони ҳуқуқӣ ҳисоб карда шуда ва ба буҷаи давлатӣ гузаронида мешавад. Моликияти ташкилотҳои тиҷоратӣ бо ифодаи арзиши он, ки дар тавозуни он ҳамчун шахси ҳуқуқӣ воқеъ аст, аз ҷумла дороию захираҳои ғайримоддии он объекти андозбандӣ маҳсуб мешаванд. Дар ҳолати ташкилотҳои бонкӣ, ғайрибонкии молиявӣ ва суғуртавӣ объекти андозбандӣ активҳои тозаи онҳо эътироф шудаанд.[1].

Нигаред низ

вироиш
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М. А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с.49