Андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ

Андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ — намуди алоҳидаи андози мустақим буда, онро ҳамаи корхонаҳои ватанӣ ва хориҷии дар қаламрави Тоҷикистон фаъолиятдошта ҳамчун андозсупорандагон ба буҷети давлат месупоранд. Меъёри андоз аз маблағи фоидаи тавозунии корхонаҳои резидентӣ дар Тоҷикистон ҳоло ба 15 % баробар аст. Дар асоси Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати андоз аз фоида аз тарафи давлат як қатор имтиёзҳо муқаррар гардидааст, ки ташкилоту корхонаҳои зерин аз андозбандии фоида озод мебошанд: ташкилотҳои динӣ, хайриявӣ (эҳсонкорӣ), буҷетӣ, созмонҳои байниҳукуматӣ ва байнидавлатии ғайритиҷоратӣ, ба истиснои фоидае, ки онҳо аз фаъолияти соҳибкорӣ мегиранд; маблағгузарониҳои ройгон ва молу мулки ройгон, аъзоҳақиҳо, хайрия ва грантҳое, ки ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ мегиранд; Бонки миллии Тоҷикистон ва муассисаҳои он ва ғайра.

Нигаред низ

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М. А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009.

Сарчашма

вироиш