Андре́й Алекса́ндрович Гончаро́в (2 январ 1918[1], Рязан7 сентябр 2001, Маскав) — коргардони рус, Артисти халқии ИҶШС (1977).

Андрей Гончаров
Таърихи таваллуд: 2 январ 1918(1918-01-02)[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 7 сентябр 2001(2001-09-07) (83 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ:
Касб: коргардони театр
Солҳои фаъолият аз 1940
Ҷоизаҳо:
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ
Order "For Merit to the Fatherland", 3rd class ордени Ленин Order of the Patriotic War 1st class ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Ордени Ситораи Сурх Jubilee Medal "In Commemoration of the 100th Anniversary of the Birth of Vladimir Ilyich Lenin" Medal "For the Victory over Germany in the Great Patriotic War 1941–1945" медали «Ветерани меҳнат» Medal "In Commemoration of the 800th Anniversary of Moscow"
Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС Ҳунарпешаи халқии ҶШФСР Honored art worker of the Russian Soviet Federative Socialist Republic State Prize of the Russian Federation Ҷоизаи давлатии СССР Stanislavsky State Prize of the RSFSR

Зиндагинома

вироиш

Пас аз хатми Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарский (ГИТИС) ихтиёрӣ ба ҷабҳаи ҷанги зидди фашистон рафт. Солҳои 1942-44 коргардони Театри 1-уми ҷабҳаии Ҷамъияти театрии умумируссиягӣ буд (дар ин давра намоишномаи «Маро интизор бош»-и К. Симонов, 1942 ва ғ.-ро ба саҳна гузошт). Солҳои 1944-66 дар театрҳои Маскав кор кард. Аз соли 1967 коргардони асосӣ (аз соли 1987 роҳбари бадеӣ)-и Театри ба номи В. В. Маяковскийи Маскав. "Трамвайи «Орзу»-и Т. Вилямс (1970), «Гуфтугӯ бо Суқрот»-и Э. Родзинский (1975), «Бону Макбет аз Мзенский»-и Н. Лесков (1979), «Ғуруб»-и И. Бабел (1988), «Себҳои лазиз, ё худ ҳақиқат хуб, аммо хушбахтӣ хубтар»-и А. Н. Островский (1989), «Кӯзпушт»-и С. Морожек (1991), «Оё ин писанди шумост»-и В. Шекспир (1997) аз ҷумлаи маъруфтарин намоишномаҳои басаҳнагузоштаи ӯянд. Ба намоишномаҳои Г. ҳунари баланди саҳнагузорӣ, пурвусъатӣ ва умқи ифшои андеша, намоишкориҳои равшан, тавзеҳи шадиду замонавии низоъҳо хос буданд. Аз соли 1945 дар Институти давлатии театрии ба номи А. В. Луначарский принсипҳои омӯзиши муштараки коргардонҳову ҳунарпешагон (актёрҳо)-ро ҷорӣ намуд. Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1988), дорандаи Мукофоти давлати ИҶШС (1977, 1984) ва Мукофоти давлатии Федератсияи Русия (1999).

  1. 1.0 1.1 Гончаров Андрей Александрович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.

Сарчашма

вироиш