Ҷоизаи давлатии ИҶШС — ҷоизаи баланди даврони шӯравӣ, соли 1940 таъсис ёфта, то соли 1960 ҷоизаи (мукофоти) Сталинӣ ном дошт. Ҷоиза (мукофот) барои комёбиҳои барҷастаи эҷодӣ дар соҳаи илм, техника, адабиёт, санъат, меъморӣ, инчунин комёбиҳои баланди меҳнатӣ дар қаламрави шӯравӣ эҳдо шуда буд. Бо Қарори КМ КПСС ва Совети Вазирони СССР 17 сентябри соли 1967 Низомнома оид ба Мукофот (Ҷоиза) тасдиқ гардид.
Ҷоизаи давлатии ИҶШС доир ба комёбиҳои барҷастаи эҷодӣ дар соҳаи
- илм,
- техника,
- адабиёт,
- санъат,
- меъморӣ,
- комёбиҳои баланди меҳнатӣ муайян мегардид.
Ҷоиза (мукофот) ҳар сол дар арафаи иди Инқилоби Октябр (то 50 ҷоиза (мукофот) дар соҳаи илм ва 10 ҷоиза (мукофот) дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ дар қаламрави шӯравӣ) эълон мегардид.
Ба ашхоси сазовори ҷоиза (мукофот) гардида диплом, нишони фахрӣ ва маблағи муайяни пулӣ супурда мешуд. Бо пошхурии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 Ҷоизаи давлатии ИҶШС аз байн рафт.
Феҳристи ҷоизадорон (дар соҳаи адабиёт ва санъат) аз Тоҷикистон
вироиш
Ному насаб
|
Унвон
|
Соли супурдан
|
Барои комёбиҳои барҷаста дар соҳаи адабиёт ва санъат
|
Ҷоизаи давлатии СССР (ИҶШС)
|
1. Мухтор Ашрафӣ
|
оҳангсоз, дирижёр
|
солҳои 1943, 1952
|
|
Ҷоизаи ба номи Сталин
|
2.Комил Ёрматов
|
кинорежиссёр
|
соли 1948
|
|
Ҷоизаи ба номи Сталин
|
- Энсиклопедияи советии тоҷик. Ҷилди 4. — Душанбе, 1983. — с. 540.