Open main menu

Андроме́да (лот. Andromeda), Мусалсала, Имротулмусалсала (ар. اِمرَاةالمُسَلسَله‎ — «Зани занҷирӣ»‎) — бурҷи Нимкураи Шимолии осмон.

Масоҳаташ 722 градуси квадратӣ, зиёда аз 100 ситора дорад, ҳанӯз ба каталоги ситорагони «Алмаҷастӣ»-и Батлимуси Қализӣ (Клавдий Птоломей, 87 – 165) дохил карда шуда буд. Тибқи асотири юнонӣ андромеда духтари подшоҳи Ҳабашистон Кефей ва малика Кассиопея (Зотулкурсӣ) буд. Падараш андромедаро барои махлуқи обие, ки мамлакатро хароб мекард, ба қурбонӣ бурд, вале Персей (Ҳомили Расъу-л-ғул) наҷоташ дод. Пас аз вафот андромеда ба бурҷи осмонӣ мубаддал шуд. Дар «Қонуни Масъудӣ»-и Берунӣ ба номи «Андарумида» ва дар «Зиҷи Маликшоҳӣ»-и Умари Хайём бо номи «Мусалсала» омадааст. Андромеда се ситораи равшани қадри дуюм – Ал-фарас (Алферас, Сиррах), Мирақ (Мирах, Мизар) ва Ал-маак (Аламак) дорад, ки аз онҳо Аламак ситораи дуқӯша аст. Дар андромеда галактикаи спиралшакли Туманоти Андромеда (М31) бо ду радифи худ – галактикаҳои хурди М32 ва NGC 205 (M110) воқеанд. Дар шаби бемаҳтоб галактикаи спиралшаклро дар масофаи кунҷии зиёда аз 1° ғарбии ситораи n-и андромеда бе асбоб дидан мумкин аст. Ин галактикаро ҳанӯз дар соли 964 мунаҷҷими форсу тоҷик Абдурраҳмони Суфӣ мушоҳида карда, дар асари маъруфи худ «Китоб сувару-л-кавокиб ас-собита» («Китоби тасвири ситорагони собита») «абри хурд» номида буд. Олимони Европа онро танҳо дар асри 17 мушоҳида карданд. Тавсифи андромеда аз тарафи Симон Мариус, ҳамзамону ҳамкасби Галилео Галилей амалӣ гардида буд. Донишманди дигари европоӣ – Ҷованни Батиста Одерна (1597 – 1660) ин туманотро соли 1653 кашф кард. Ин галактикаи спиралшакли наздиктарин ба Замин буда, дар масофаи 2,2 млрд соли рушноӣ воқеъ шудааст, қутраш 220 ҳазор соли рушноӣ ва қариб 300 млрд ситора дорад. Беҳтарин фасли мушоҳидаи андромеда тирамоҳ (сентябр, октябр) аст.

ЭзоҳВироиш

СарчашмаВироиш