Андудаи галванӣ — қабати металлиест, ки аз ҳиссаҳои мкм то ба ҳиссаҳои даҳии мм ғафсӣ дорад. Онро бо роҳи таҳшини электролитӣ ба сатҳи маснуоти металлӣ рӯкаш мекунанд. Андудаи галванӣ асосан бо мақсади зиёд намудани устувории маснуот бар зидди коррозия, инчунин бардавомии муҳлати истифода ва зеби маснуот ба кор бурда мешавад. Масалан, маснуоти пӯлодӣ бо руҳ, қалъагӣ, никел, мис ва хром; асбобҳои дақиқи электрикӣ ва тиббӣ бо нуқра, тило, платина, палладий ва радий андуда мешаванд. Баъди андудаи галванӣ сатҳи маснуот хосиятҳои махсуси физикавӣ ва химиявӣ пайдо мекунад.

Сарчашма

вироиш