Анемофилия
Анемофилия (аз юн.-қад. ανεμος — шамол, φιλια — ишқ, дӯстӣ) — ба воситаи шамол дутарафа гардолуд шудани гули рустаниҳо.
Қариб аз даҳ як қисми рустаниҳои пӯшидатухм (хӯшаиҳо, ғешаиҳо, бангдона, розак, тӯс, булут, сафедор, чормағз, роздор ва ғайра) ба воситаи шамол гардолуд мешаванд. Гули чунин рустаниҳо, одатан, хурди бенур буда, сохти махсус дорад. Масалан, торҳои гардбаргаи газна, ки дар дохили ғунча печутоб хӯрдаанд, ҳангоми шукуфтани гул якбора бошиддат рост мешаванду гардро аз гарддонҳои кафида пош медиҳанд; гарддони хӯшаиҳо, бангдона ва ғайра дар гардбаргҳои дарозе ҷойгиранд, ки алвонҷ хӯрда меистанд; хӯшагули наринаи тӯс, финдиқ, сиёҳбед мисли гӯшвора мебошад. Гарди ин гуна рустаниҳо хушк ва ниҳоят бисёр аст (масалан, тӯғи наринаи ҷуворимакка қариб 50 млн гард дорад).
Рустаниҳои анемофил, одатан, зич сабзида, навбаҳорон пеш аз барг баровардан гул мекунанд (баъзан якбора барг бароварда гул карданашон ҳам мумкин). Ин имкон медиҳад, ки гарддон гардро дошта гирад. Гард бо шамол метавонад ба масофаи зиёда аз 60 км паҳн гардад.
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Анемофилия // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.