Анзоб (чашмаи оби маъданӣ)
Анзоб — чашмаи обаш сарди минералӣ, дар ағбаи Анзоб, дар баландии 3179 м аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Масрафаш (дебиташ) 0,5 л/с, минералнокиаш 1,3 г/л. Оби анзоб дар таркиби худ гидрокарбонати калсий, магнию натрий дорад. Истифодаи саноатиаш ҳоло ба роҳ монда нашудааст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Анзоб // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.