Анилин
Анили́н (аминобензол, фениламин) — C6H5NH2, — амини ароматӣ; моеъи беранг, бӯи паст дорад; ҳарорати ҷӯшиш – 184,4°С, ҳарорати гудозиш – 6,15°С, зичиаш дар 20°С 1027 кг/м3. Анилин дар об, спирт, эфир, бензол ҳал мешавад. Бо металлҳо (K, Na, Ca, Mg ва ғайра) ҳосилаҳои металлӣ (масалан, C6H5 NHNa), бо кислотаҳои минералӣ намак (масалан, намаки хлорид C6H5NH3Cl), бо кислотаҳои органикӣ, хлорангидрид ва ангидриди онҳо анилидҳо (масалан, бо кислотаи атсетат – атсетанилид) ҳосил мекунад:
C6H5 – NH2 + CH3COOH →
→ ХC6H5NHCOCH3 + H2O
Атсетанилидро барои тайёр кардани n-нитроанилин, ки ашёи хоми истеҳсоли моддаҳои рангубор аст, истифода мебаранд. Дар натиҷаи бо хлориди метил, метанол ё эфири диметил метилонидани анилин монометиламин ва диметиламин ҳосил мекунанд:
C6H5NH + (CH3)2O → C6H5N(CH3) + H2O
Онҳо барои тайёр кардани ранг ва моддаҳои тарканда истифода мешаванд. Аз анилин дифениламин, сиклогексиламин ва ҳосилаҳои дигари онро синтез кардан мумкин аст. Анилинро аввалин шуда олими рус Н. М. Зинин (1842) бо усули барқарор намудани нитробензол синтез кардааст. Анилинро дар саноат дар натиҷаи бо каҳлаи чӯян дар иштироки кислотаи хлорид барқарор намудани нитробензол ҳосил мекунанд:
4C6H5NO2 + 9Fe + 4H2O Х→ 4C6H5NH2 + 3Fe3O4
Усулҳои дигари ҳосил кардани анилин (масалан, барқарор намудани нитробензол бо катализатори карбонати мис) низ мавҷуданд. Анилин моддаи заҳрнок аст. Онро дар истеҳсоли падиддоруи суратгирӣ, моддаҳои тарканда ва рангуборӣ, синтези органикӣ ва ғайра истифода мебаранд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Анилин // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.