Қутбуддин Анисии Ироқӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири тоҷик (асри 16).

Анисии Ироқӣ
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома вироиш

Аз зодгоҳаш (Ироқ) дар айёми ҷавонӣ ба Ҳирот омад ва то охири умр дар ин ҷо монд. Дар назм пайрави Амир Хусрави Деҳлавӣ буд. Ба чил ғазали ӯ ҷавоб гуфта, сазовори инъоми Алишери Навоӣ гардидааст. Ғазалҳои Аниси Ироқӣ дар мавзӯъҳои ишқу вафо ба забони содаву равон эҷод шудаанд:

Ҳаргиз агар набинам он шӯхи бевафоро,
Нодида мепарастам чун муъминон Худоро.
                  ***
Боз ин дили шикаста хаёли висол кард,
Чизе хаёл кард, ки натвон хаёл кард.
                  ***
Хоҳам, ки шавам кушта зи теғи ситами ӯ,
Шояд, ки бубинам сари худ дар қадами ӯ.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Ҳусайнқулихони Азимободӣ, Нештари ишқ, ҷ.1, Д., 1981

Сарчашма вироиш