Анисимов, Стефан Лукич
Анисимов Стефан Лукич (28. 9. 1910, деҳаи Александрияи ноҳияи Шкловскийи вилояти Могилёви Ҷумҳурии Белорус – 3. 7. 1985, Душанбе) — меъмори шӯравӣ. Бинокори хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1959).
Анисимов, Стефан Лукич | |
---|---|
Иттилооти асосӣ |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Институти муҳандисии манзилгоҳи Ленинград (1936). Ҳамон сол ба Душанбе меояд. Меъмори идораи лоиҳакашии «Тоҷикгоспроект», муҳандиси идораи лоиҳакашии шаҳри Тошканд (1937 – 39), меъмори Институти лоиҳакашии «Тоҷикгипрострой» (1939 – 53), ҷонишини мудири Раёсати меъмории назди Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон (1955 – 57), сардори шуъбаи муоинаи лоиҳаҳои Госплани ҶШС Тоҷикистон (1957 – 58), ҷонишини якуми раиси Комитети давлатӣ оид ба сохтмону меъмории назди Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон (1958 – 60), раис (1960 – 64) ва ҷонишини якуми раиси Госстройи ҶШС Тоҷиистон (1964 – 71) буд. Аз соли 1971 нафақагир.
Лоиҳаҳо
вироишМувофиқи лоиҳаҳои Анисимов дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ чандин биноҳои истиқоматию маъмурӣ бунёд гардидаанд. Беҳтарин лоиҳаҳои кашидаи Анисимов инҳоянд: бинои КМ ҲК Тоҷикистон (ҳоло Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон), монументи Герби давлатии ҶШС Тоҷикистон дар майдони ба номи Владимир Илич Ленин (ҳоло майдони Озодӣ) бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Тоҷикистон, бинои Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, бинои китобхонаи давлатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ва ғайра Узви ИМ СССР аз соли 1936.
Ордену ҷоизаҳо
вироишБо ду ордени «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Анисимов, Стефан Лукич / Р. Муқимов // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.