Унсури холии Викидода

«Анису-л-ошиқин» — тазкираест муфассал аз Маҳароҷа Ратан Сангҳа Баҳодур, мутахаллис ба «Захмӣ» (вафот 1851). Соли 1820 навишта шудааст.

«Анису-л-ошиқин» шарҳи ҳол ва намунаи ашъори 2 ҳазор нафар шоири тоҷикзабон (форсизабон)-ро аз оғози шеъру адаби форс-тоҷик то замони муаллиф фаро мегирад. Номи суханварон ба тартиби алифбои форсӣ оварда шудааст. Муаллиф аз эҷодиёти шоирон ғазалҳову рубоиҳо, гоҳо қасида ва пораҳои маснавиҳоро ба ҳайси намуна овардааст. Чунонки мусанниф ишора менамояд, ӯ ин асарро дар заминаи маъхазҳои адабӣ ва мутолиаи девони шоирон тадвин кардааст.

Адабиёт вироиш

  • Аҳмад Гулчин Маонӣ, Таърихи тазкираҳои форсӣ, ҷ. 1, Т., 1348 ҳ. ш.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш