«Анису-л-ушшоқ» (ар. انیس‌العشاق‎) — рисолаест аз Шарафуддин Ҳасан ибни Муҳаммад Ромии Табрезӣ дар боби сувароти шеър аз қабили мӯй, ҷабин, абрӯ, чашм, мижгон, рӯй, хат, хол, лаб, дандон, даҳон, занахдон, гардан, бар, соид, ангушт, қад, миён, соқ ва ғайра.

Анису-л-ушшоқ

Аз 19 боб иборат аст. Нигоранда сувароти шеърии дар асоси мафҳумҳои мазкур ба миён омадаро таҳлил ва тасниф карда, гоҳо муродифҳои онҳоро аз забони паҳлавӣ (форсии миёна) ва арабӣ овардааст. Ба ҳайси шоҳид асосан пораҳои шеърӣ аз эҷодиёти шоирони асрҳои 10 — 14 оварда шудаанд. «Анису-л-ушшоқ» сарчашмаи муҳимест барои пажӯҳиш дар таърихи адабиёт, таҳаввули сувароти шеър, таърихи забон ва масоили назарияи адабиёт. Соли 1947 дар Теҳрон ба табъ расидааст. Байти зерин аз «Анису-л-ушшоқ» аст:

Равшан аст он аҳли маъниро, ки дар девони ҳусн,
Чашми шӯрангези ҳуснат шоҳбайти маънавист.

Сарчашма

вироиш