Анод
Ано́д (юн.-қад. ἄνοδος — ҳаракат ба боло) — қутби мусбати манбаи ҷараён (шиддат) ё электроди асбоб (масалан, элементи галванӣ, асбоби электрикии вакуумӣ, зарфи электролитӣ), ки бо ин қутб пайваст карда шудааст; чун қабулкунандаи электрон ва дигар ҳомилони заряди манфӣ хидмат мекунад.
Ҳангоми разряди газӣ дар ҷараёни доимӣ, наздикии анод дар қабати борик (қабати дебаевӣ) афтиши калони шиддат ба вуҷуд меояд. Дар натиҷа электронҳои плазмавӣ то энергияе, ки бо фарқи потенсиалҳои байни электродҳо муайян карда мешавад, ба шитоб соҳиб мешаванд. Дар найчаҳои рентгенӣ анод вазифаи нишонро иҷро мекунад ва ҳангоми бо электронҳо бомбаборон кардани он афканишоти рентгенӣ ба вуҷуд меояд. Дар асбобҳои электронии шуоӣ анод ба таркиби системаи электронии оптикӣ дохил шуда, барои ба вуҷуд овардани шакли зарурии майдони электрикие, ки ҷараёни додашуда ва шакли зарурии дастаи электронҳоро таъмин месозад, хидмат мекунад.
Сарчашма
вироиш- Анод // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.