Анора (тахаллус, насаб ва номи пуррааш Остонова Норинисо Абдуллоҷоновна; 2 декабри 1939, Душанбе — 29 ноябри 2004, ҳамон ҷо) — тарҷумони тоҷик. Коркуни хизматнишондодаи маданияти ҶШС Тоҷикистон (1986). Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1984).

Анора
Ном ба ҳангоми таваллуд: Норинисо
Тахаллусҳо: Анора
Номи пурра Остонова Норинисо Абдуллоҷоновна
Таърихи таваллуд: 2 декабр 1939(1939-12-02)
Зодгоҳ: Душанбе, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт: 29 ноябр 2004(2004-11-29) (64 сол)
Маҳалли даргузашт: Душанбе, Тоҷикистон
Навъи фаъолият: тарҷумон
Ҷоизаҳо: Ордени «Нишони Фахрӣ» — 1976

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи факултети таъриху филологияи УДТ (1962). Муҳаррири хурд, муҳаррир, муҳаррири калон, мудири шуъбаи тарҷумаи бадеӣ, ҷонишини сармуҳаррири нашриёти «Ирфон» (1962 — 87), директори нашриёти «Адиб» (1987 — 90), муовини раиси Комитети давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба корҳои нашриёт, полиграфия ва савдои китоб (1990 — 94). Аз соли 1994 Сардори раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаъолияти тарҷумонии Анора аз аввгусти солҳои 60 садаи XX оғоз ёфтааст.

Тарҷумаҳо

вироиш

Анора чандин асарҳои нависандагони замони шӯравӣ ва хориҷиро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст. Тарҷумаи «Медали тило»-и Е. Снегирев (1963), «Ҳикояҳо дар бораи Ленин»-и О. Матюшин (1964), «Ҷаллод ташнаи хун аст»-и Н. Фрид (1965), «Повестҳо»-и П. Қодиров (1966), «Зане аз Бай Шао»-и Буй Дик Ай (1970), «Марта»-и Э. Ожешко (1987), «Шакино»-и Б. Лопес (1979), «Боди мухолиф»-и А. Лупан (1982), «Зиндагӣ оби равон»-и В. Нуруллин (1984), «Адоват»-и Вс. Иванов (1987) ва ғайра ба қалами Анора тааллуқ доранд.

Ордену ҷоизаҳо

вироиш

Бо ордени «Нишони фахрӣ» (1976), медали «Ветерани меҳнат» (1987) сарфароз гардидааст. Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон (1985).[1]. Узви ИН Тоҷикистон аз соли 1984.

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с. 41 ISBN 978-99947-2-379-9

Сарчашма

вироиш