Аноси́р (ар. عناصر‎ — ҷамъи унсур‎), элеме́нт (лот. elementum — унсур) — дар фалсафаи антиқа аввал ҳарфҳои алифбо, минбаъд маҷмӯи унсурҳоро ифода мекард.

Асҳоби зарра (атомистҳо) таносуби атомҳоро ба таносуби ҳарфҳо монанд мекарданд, ки ба тавассути онҳо матнҳои гуногун ба вуҷуд меомаданд. Ифодаи маҷозии аносирро ҳамчун ҷисмҳои содаи эҳсосшаванда бори аввал Афлотун истифода бурд, вале аносири Афлотун аз чаҳор рукни Эмпидокл (хок, об, ҳаво, оташ) фарқ мекард. Дар таълимоти Арасту аносир маънои маҷозии худашро гум карда, ба қолаби истилоҳи фалсафӣ даромад ва дар назарияи ҳастӣ, маърифат, илми мантиқ ва кайҳоншиносии ӯ васеъ истифода шуд. Дар «Метафизика»-и Арасту истилоҳи мазкур ҳанӯз аз аҳамияти «сифатӣ» холӣ набуд, аз чаҳор «сабаб» ё худ принсипи ҳастӣ фақат аносири моддаю сурат мабдаъҳои сириштӣ доштанд, вале минбаъд мазмуни истилоҳи аносир маҳдуд шуда, ҳамон обу хок ва ҳавою оташро ифода мекардагӣ шуд, ки дар афкори фалсафии мутафаккирони Шарқ бо номи чаҳор унсур маълуму машҳуранд.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш