Ансамбли давлатии "Фалак"

Ансамбли «Фалак» - 20 июли соли 1989 бо қарори Совети Вазирони ҶШС Тоҷикисон бо роҳабрии ҳунарпешаи мардумӣ Давлатманд Холов дар назди Вазорати фарҳанги ҶШС Тоҷикисон таъсис дода шуд.

Таърих

вироиш

Ансамбли «Фалак» соли 1989 дар назди Театри мусиқӣ-драмавии ш. Кӯлоб ба номи С. Вализодаи Вазорати фарҳанги ҶТ таъсис дода шуд. С. 2001 ба Ансамбли «Фалак» мақоми давлатӣ дода шуд ва с. 2003 Ансамбли «Фалак» дар назди Кумитаи телевизион ва радиои тоҷик таъсис ёфт. Ансамбли мазкур тараннумгари мусиқии фолклории халқи тоҷик буда, барои тарғибу ташвиқи фалаксароӣ дар байни мардум ва рушди он амал мекунад.

Мутрибони ансамбл

вироиш

Роҳбари бадеии ансамбл Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлатманд Холов мебошад. Инчунин, дар ансамбли давлатии «Фалак» ҳунармондон Носир Сафаров, Абдураззоқ Абдуалимов, Сафомиддин Раҷабов, Олим Исоев, Шоҳин Абдуллоев, Сарбон Олимов, Ҷумъахон Раҷабов, Фарзона Шодиева, Фотима Машрабова, Моҳрухсор Набиева, Ибодат Раҷабова, Матлубахон Раҳимова, Шуҳрат Сайнаков, Баҳриддин Беков, Фаридуни Ҳотам, Санои Ҳошим, Панҷшанбе Ҷорубов ва дигарон кору фаъолият менамоянд.[1]

Бо қарори Ҳукумати ҶТ (8 августи 2007) ҳар сол 10 октябр ҳамчун Рӯзи «Фалак» ҷашн гирифта мешавад ва ансамбли мазкур дар таҷлили ин таърихи муҳими фарҳангӣ бо барномаҳои рангин ҳунарнамоӣ менамояд.[1]

Нигаред

вироиш
  1. 1.0 1.1 Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 28 - 29 – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2