Ансор
Ансор (ар. أنصار — ёридиҳандагон, ёрон), Ансориён — ҷамъи носир ва насир ба маънои ёридиҳанда, лақаби мусулмонони аҳли Мадина, ки ба паёмбар (с) имон оварданд, пас аз ҳиҷрат ӯро ҳимоят ва ёрӣ карданд ва дар пешрафти ислом нақши муҳимме доштанд.
Таърих
вироишАнсор аз ҷанги Бадр сар карда, дар тамоми ғазваҳои Пайғамбар (с) иштироки фаъол доштанд, ҷузъи асосии сипоҳи Ислом буданд ва насиби онҳо аз ғаниматҳои ҷанг аз рӯи ҳамин иштироки онҳо муайян мешуд. Баъд аз вафоти Пайғамбар (с) гурӯҳе аз Ансор хостанд, ки аз миёни худашон касеро ба халифагӣ пешниҳод кунанд, вале зуд аз ин кор даст кашида, шарту аҳкоми ҷойгузинии (халифагӣ) Пайғамбарро (с) пазируфтанд ва ба Абубакри Сиддиқ (р) ҳамчун халифа байъат намуданд. Дар замони футӯҳоти исломӣ бештари Ансор ба тамоми гӯшаву канори Хилофат пароканда шуданд ва дар ҳар ҷойи сукунати мусулмонон дар маҳаллаи ҷудогона мезистанд ва мавқею нуфузи калони сиёсӣ доштанд. Ансори Мадина ҳамчун саҳобагони содиқи Пайғамбар (с) бо ҳам муттафиқ буданд ва худро нигоҳдорандаи ҳақиқии дину суннат мешумурданд ва гоҳо ба сиёсати Умавиён мухолифат мекарданд. Шӯриши соли 683-и онҳо бераҳмона пахш ва аз ҷумлаи онҳо 270 нафар кушта шуданд. Бисёре аз котибони Қуръон, муҳаддисону муфассирони намоён аз байни Ансор баромадаанд.
Ин нисбат дар ҳаёти онҳо ҳукми номи хосро пайдо кард ва бар номи қабоилашон ғолиб ва ба маънои исми муфрад ба кор рафт, дар нисбат ба он ансорӣ – як нафар аз аҳли Мадина мегуфтанд ва мардуми Мадина бо ин ном ифтихор мекарданд. Ансор дар таърихи ислом ҳамеша ҳамроҳи муҳоҷирон ёд шуда, дар чандин ояти Қуръон аз онҳо васф шудааст ва паёмбар (с) фармуда: «... Ансор шиор – либоси таҳ ва мардум болопӯш ҳастанд. агар ҳиҷрат намебуд, ман шахсе аз ансор мебудам, агар мардум ба водӣ ва даррае раванд, ман ба водӣ ва дарраи ансор меравам ...» (Саҳеҳи Бухорӣ, 4330, 7245; Саҳеҳи Муслим, 2443 (1061)-139).
Ансор пас аз вафоти расули акрам (с) низ барои хулафои рошид ба ҳайси вазир ва ёридиҳанда ҳамвора дар канори онҳо буданд ва тафаввуқи худро дар илми ҳадис ва диёнату тақво ҳифз кардаанд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Ансор / М. Умаров // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- А. Боқизода. Тафсири навини Қуръони карим. Д., 2011.
- دائرة المعارف فارسی. ج. 1. – تهران، 1381 ش.