Антантаи Хурд
Антантаи Хурд — иттифоқи Чехословакия, Руминия ва Югославия, ки солҳои 1920—1921 ташкил шуд.
Ҳадафҳо
вироишМақсади антантаи хурд баъди Ҷанги якуми ҷаҳонӣ дар Европаи Марказӣ ва Ҷанубу Шарқӣ нигоҳ доштани таносуби қувваҳо буд. Дар системаи ҳарбию сиёсии франсавии иттифоқҳои Европаи солҳои 1920 — 30 воситаи ҳалкунанда ба шумор мерафт. Дар зери таъсири сиёсати берунаи Франсия мавқеи зиддисоветиро ишғол мекард. Антантаи хурд дар ихтиёри худ қувваҳои бисёри ҳарбӣ дошт. Баъди қабули Плани Дауэс (1924) ва ба имзо расидани шартномаҳои Локарно (1925) мавқеи Франсия дар Европа суст гардид, ки антантаи хурдро ҳам заиф кард. Франсия бо мақсади дар байни иштирокчиёни антантаи хурд худро нигоҳ доштан бо онҳо шартномаҳои ҳарбию сиёсӣ баст (бо Чехословакия 25 январи 1924, Руминия 10 июни 1926, Югославия 11 ноябри 1927). Бо вуҷуди ин дар натиҷаи бо Англия, Венгрия, хусусан бо Италия наздик шудани Руминия ин аҳдномаҳо барои Франсия аҳамияти худро гум карданд. Антантаи хурд дар натиҷаи ба Созишномаи Мюнхен имзо кардани Англия ва Франсия (1938), ки боиси истилои Чехословакия гардид, пароканда шуд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Антантаи Хурд // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.