Антара ибни Шаддод

(Тағйири масир аз Антара ибни Шаддоди Абсӣ)

Антара ибни Шаддоди Абсӣ (ар. عنترة بن شداد العبسي‎; 525, Наҷд — тақр. 615) — шоири араб.

Антара ибни Шаддод
ар. عنترة بن شداد العبسي
Таърихи таваллуд: 525
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 608
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: арабӣ[1]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Осори боқимонда

вироиш

Аз Антара девоне иборат аз 1500 байт ва як қасидаи муаллақа (79 байт) боқӣ мондааст. Ашъораш аз васфи ҷасорату корномаи майдони ҳарб, ғазалҳои ишқӣ ва мадҳӣ иборат аст. Дар қасидааш, асосан покии тинати инсон, олиҳимматӣ, озодихоҳию мардонагӣ тараннум шудааст. Азбаски Антара савори нотарс ва ҷанговари баҳодуре будааст, ба қаҳрамони ривоятҳои халқӣ табдил ёфта, дар охири садаи X ба унвони «Сирати Антара» дос тоне ҳам дар бораи ӯ ба вуҷуд омадааст. Асари мусиқии машҳури композитори рус Римский-Корсаков, ки «Антара» ном дорад, ба ҳамин шоир бахшида шудааст.

Сарчашма

вироиш