Антей
Анте́й (юн.-қад. Ἀνταίος) — яке аз персонажҳои асотири Юнони Қадим, писари Посейдон ва олиҳаи Замин Гея. Паҳлавони азимҷусса, ҳокими кишвари Либиё. Душманонро ба ҷанги тан ба тан даъват карда, ҳамеша ғолиб меомад. Ӯ дар ин тарзи набард мағлубнопазир буд, чунки вай аз замин нерӯ мегирифт. Аз замин-модар канда шудани Антей заволи ӯ буд. Ҳеракл дар набард пойи Антейро аз замин канда, ӯро хафа карда кушт. Дар пештоқи маъбади Ҳеракл дар Фива набарди Ҳеракл ва Антей тасвир шудааст.
Пол | мард[1] |
---|---|
Отец | Poseidon[d][1] |
Мать | Гея[1] |
Супруг(а) | Tinjis[d] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 Антей (рус.) // Анрио — Атоксил — 1926. — Т. 3. — С. 37.
Сарчашма
вироиш- Антей // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.