Антеклиза (аз анти ва юн.-қад. κλισις — «моилӣ») — барҷастагиҳои паҳнои қабатҳои қишри замин дар ҳудуди платформа, акси синеклиза.

Антеклиза тарҳи нодуруст дошта, паҳноии он дар кӯндалангӣ ба садҳо км мерасад. Таҳкурсии антеклизаро ҷинсҳои кристаллии токембрий ташкил медиҳанд; онҳо бо қабати ҷинсҳои таҳшин пӯшида шудаанд. Антеклиза муддати дароз инкишоф меёбад, ки чандин давраҳои геологиро дар бар мегирад. Одатан дар тоқи антеклиза табақаи ҷинсҳои таҳшин тунуканд ё аксар мавҷуд нестанд. Дар ин маврид таҳкурсии платформа дар рӯи замин намоён мегардад.

Сарчашма

вироиш