Подзист
Антибиотикҳо (аз юн.-қад. ἀντί «зид» + βίος «ҳаёт») — моддаҳое, ки маҳсули фаъолияти микроорганизмҳо, ҳайвонот ва рустаниҳо буда, рушд ва афзоиши микробҳои гуногунро қатъ менамоянд.
Таърихшинос
вироишҲанӯз дар асрҳои 15 — 16 табибони халқӣ ҳангоми муолиҷаи ҷароҳати мадданок аз мағори сабз истифода мебурданд. Соли 1929 микробиологи англис антибиотикҳо Флеминг дар асоси таълимот оид ба антибиоз (зиддияти байни намудҳои алоҳидаи микроорганизмҳо, ки дар татқиқи он Л. Пастер ва И. И. Мечников саҳми калон гузоштанд) муайян кард, ки таъсири зиддимикробии мағори сабз ба моддаи махсус — пенитсиллин (онро мағор аз худаш ҷудо мекунад) вобаста аст. Баъдтар пенитсиллини холис (бензилпенитсиллин)-ро аввал тадқиқотчиёни англис Г. Флори ва Э. Чейн (1940), баъд олимони шӯравӣ 3. В. Ермолйева ва Т. И. Балезина (1942) ҳосил намуданд. Кашфи пенитсиллин ба дарёфти Антибиотикҳои нав ва манбаи истеҳсоли онҳо ибтидо гузошт. Антибиотикҳоро аз намудҳои гуногуни занбӯруғҳо, бактерияҳо ва рустаниҳо истеҳсол мекунанд. Баъзе антибиотикҳоро аз ҳайвонот низ мегиранд. Маълум шуд, ки баъзе антибиотикҳо на фақат барои ангезандаи беморӣ, балки барои организми одам низ заҳрноканд. Бинобар ин ба сифати дору фақат ҳамон антибиотикҳо истифода мешаванд, ки ба саломатӣ зарар наоваранд, мacалан, пенитсиллин, стрептомитсин, тетрасиклин, левомитсетин, олеандометсин, эритромитсин ва ғайра Кашфи Антибиотикҳо барои табобати қариб ҳамаи бемориҳое, ки ангезандаашон микробҳоанд, имконият дод. Антибиотикҳо таъсири умумӣ надоранд ва ҳар яки онҳо фақат ба микроби муайян таъсир мерасонад. Macалан, пенитсиллин ҳангоми газаки шуш, уфунат, бемориҳои римноки пӯст, дарди гулӯ ва ғайра, ки микробҳои фасодовар ба вуҷуд меоваранд, шифобахш буда, ба бактерияҳои касалии сил ва дизентерия таъсир намекунад; ҳангоми бемориҳои рӯда левомитсетин ва тетрасиклин, ҳангоми баъзе бемориҳои занбӯруғӣ нистатин, леворин таъсирноканд. Антибиотикҳо маводи шифобахш бошанд ҳам, ба организми бемор метавонанд таъсири манфӣ низ расонанд. Macалан, стрептомитсин, канамитсин ва неомитсин шунавоиро паст ва кори ҷиҳози мувозанатро халалдор мекунад; левомитсетин ба хуни беморон, тетрасиклин бошад, ба кори ҷигар таъсири нохуш мерасонад. Дар баъзе шахсон истеъмоли антибиотикҳо, хусусан пенитсиллин (ҳатто миқдори хеле кам), хориши пӯст, саглес, обварам, қубоъ ва ғайраро ба вуҷуд меоварад. Дар вақташ чора дидан (агар муолиҷа таҳти назорати духтур гузаронда шавад) имкон медиҳад, ки чунин ҳодисаҳо бо зудӣ бартараф карда шаванд. Баъзан миқдори ками пенитсиллин ё антибиотикҳо и дигар, хусусан ҳангоми бо як дору такроран муолиҷа намудан, боиси сактаи анафилаксӣ мегардад. Дар ҳар ҳолат раво ё нораво будани ин ё он антибиотикро донистан лозим аст. Macалан, мавриди ҳомилагӣ, қубоъ, бемориҳои занбӯруғӣ ва дигар амрози пӯст истифодаи левомитсетин ва ҳангоми баъзе бемориҳои гурдаю ҷигар кор фармудани мономитсин манъ аст (онҳо ҷараёни бемориро бадтар мекунанд). Нодуруст ва беназорат истифода бурдани антибиотикҳо боиси рӯй додани дигар ҳодисаҳои хатарнок ҳам мешавад. Дар натиҷаи корбасти миқдори ниҳоят кам ё пеш аз муҳлат қатъ кардани истифодаи антибиотикҳо микроби бемориоваре, ки дар организми одам вуҷуд дорад, ба онҳо одат карда, устувор мегардад. Дурудароз қабул кардани дору бемории нав — кандидамикозро ба вуҷуд меоварад. Фақат назорати доимии духтур имкон медиҳад, ки муолиҷа бо антибиотикҳо бомуваффақият сурат гирад, хатари инкишофи микроорганизмҳои устувор кам ва оқибати бади таъсири антибиотикҳо бартараф карда шавад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Антибиотикҳо // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.