Антиклинорий (аз юн.-қад. ἀντι- — зид, κλίνω — хам мекунам, ορος — кӯҳ, баландӣ) — маҷмӯи бузург ва сохташ мураккаби чинҳои қишри замин, ки дар натиҷаи муддати бардавом бардошташавӣ ва чиндоршавии қишри замин дар воҳидҳои геосинклиналӣ ба вуҷуд меояд.

Қисми марказии антиклинорий болобарҷаста буда, тарафҳои (болҳои) он аз як қатор чинҳои хурду калон ва массивҳои лағжида иборат аст. Аксар дар қисми марказии антиклинорий ҷисмҳои калони интрузивӣ (гранитҳо ва ғайра) ҷойгиранд. Тӯли антиклинорий ба садҳо ва бараш ба даҳҳо км мерасад. Антиклинорийи калонтаринро мегантиклинорий меноманд. Кӯҳҳои Кавкази Калон ва шимолӣ Ҳисор мисоли антиклинорий мебошанд.

Сарчашма

вироиш