'Антинейтрино (ῦ)'антизарраи нейтрино, зарраи бунёдии нейтралие, ки массаи сукунат надорад (бо саҳеҳии 5∙104 m0, m0 — массаи сукунати электрон). Ба фермионҳо мансуб аст (спинаш ½). Антинейтрино заряди электрикӣ ва моменти магнитӣ низ надорад. Аз ин рӯ, эҳтимолияти таъсири мутақобили он бо моддаҳо бағоят хурд мебошад. Ду навъ антинейтрино мавҷуд аст: антинейтринои электронӣ (ῦе), ки ҳамеша ҳамроҳи электрон пайдо мешавад ва антинейтринои мюонӣ (ῦμ), ки дар натиҷаи коҳиши мюонҳо ба вуҷуд меояд.

Сарчашма

вироиш