Антисептикҳо
Антисе́птикҳо (аз юн. άντί «зид» + σηπτικός «мадданок») — навъе аз моддаҳои зидди уфунат.
Антисептикҳо фаъолияти микроорганизмҳоро суст мекунанд ё афзоиши онҳоро бозмедоранд. Аз пайвастҳои органикӣ, хоса намакҳои металлҳои вазнин (симоб ва нуқра) антисептикҳои қавианд. Маҳлули ғилзаташ 1:1000-и онҳо дар чанд сония бактерияҳоро маҳв менамояд. Ғилзати камтарини ионҳои тило, мис, руҳ ва махсусан нуқра ба микроорганизмҳо таъсири марговар дорад. Бисёр оксидкунандаҳо, масалан, хлор, озон, йод, пероксиди гидроген, перманганати калий ва кислотаҳои минералӣ (кислотаҳои сулфат, борат, гидрогенфторид), ҳамчунин гидрогенсулфид, оксиди карбон, формалдегид, гази сулфид, оксиди этилен, гази карбонат, пайвастҳои органикӣ (фенол, крезол, формалин), баъзе спиртҳо, кислотаҳои салитсилат, бутанат, атсетат, бензоат ва сорбин барои микроорганизмҳо заҳр мебошанд. Антисептикҳо ба микроорганизмҳо таъсири гуногун мерасонанд. Баъзеи онҳо (масалан, намакҳои металлҳои вазнин, спиртҳо, фенол) сафедаи ситоплазмаро лахта мебандонанд, дигарашон (кислота ва ишқорҳо) сафедаҳоро гидролиз мекунанд, сеюмӣ (хлор, пероксиди гидроген, озон) боиси дар ситоплазма ба вуқӯъ пайвастани раванди оксидшавӣ мегарданд. Дар натиҷаи таъсири антисептикҳо фаъолияти ферментҳои гуногун суст мешавад. Дараҷаи таъсири антисептикҳо ба ғилзат ва давомоти таъсир, ҳарорат, бузургии муҳити рН ва таркиби химиявии онҳо вобаста аст. Дар майкашӣ баъзе антисептикҳоро чун воситаи безараргардонӣ ва консервант истифода мебаранд. Барои безараргардонии таҷҳизот ва зарфҳо беш аз ҳама кислотаи сулфат, ангидриди сулфат, баъзан антиформин, дезмол, ба сифати консервантҳои шираи ангур ва май кислотаҳои сулфат ва сорбинро кор мефармоянд. Дар боғу токдорӣ антисептикҳо барои аз занбӯруғҳо муҳофизат кардани сутунҳои чӯбин истифода мешаванд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Антисептикҳо // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.