Антитезис
Антите́зис (юн.-қад. ἀντίθεσις «анти́тесис» — муқобилгузорӣ; лот. antithesis «антите́зис») — ҳукмест, ки муқобил ё зидди тезис гузошта мешавад.
Дар мантиқ антитезис муқаддимаи мабдаи истидлоли мантиқӣ дар исботи хулф аст, антитезис дар ду шакл истифода мешавад:
- нисбат ба тезис ҳамчун як ҳукми алтернативӣ, масалан, Т барои тезиси Т антитезис мебошад;
- аъзои боқимондаи дизюнкcия, дар ҳукмҳои мунфасила, масалан, антитезиси ҳукми AVBVC ҳукмҳои В ва С мебошанд.
Вобаста ба сохти антитезис ду навъи исботро фарқ мекунанд: апагогӣ ва мунфасила. Антитезис ҳамчун яке аз марҳалаҳои инкишоф дар системаи диалектикии Гегел мақоми махсус дорад, зеро дар назарияи таслис (триада)-и ӯ пас аз тезис унсури дуюминро ташкил медиҳад. Аз назари Гегел ҳар гуна инкишоф се марҳаларо аз сар мегузаронад: тезис, антитезис ва синтез. Лекин антитезис тезисро пурра инкор накарда, ҷиҳатҳои мусбати онро нигоҳ медорад. Ба тавассути ҷиҳатҳои мусбат имконияти муайян кардани робитаи чизи куҳна ва нав пайдо мешавад, ки ин синтез аст. Аз ин рӯ, синтез шароит ва лаҳзаи инкишоф мебошад. Антитезис лаҳзаи инкорро дар ҷараёни инкишофи диалектикӣ ташкил медиҳад. Вале дар системаи диалектикии Гегел ҷараёни инкори тезис ба тавассути антитезис ва инкори он аз тарафи синтез қонуни олами моддӣ набуда, балки хосияти инкишофи идеяи мутлақ аст. Сарфи назар аз ин, Гегел тавонистааст, ки хислати диалектикии инкишофи воқеиятро дар шакли идеалистӣ собит намояд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Антитезис / Н. Сайфуллоев // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.