Антифриз (аз юн. ἀντι- — зид ва англ. freeze — ях бастан) — маҳлули обии баъзе моддаҳо, ки аз сармо ях намебандад.

Антифризи автомобилҳо

вироиш

Антифризро зимистон ба системаи сардонии муҳаррики дарунсӯз мерезанд. Барои муҳаррикҳои дарунсӯз истифодаи антифризҳое, ки дар таркибашон этиленгликол, обу спирт, обу глитсерин, маҳлули баъзе намакҳои ғайриорганикӣ ва ғайра доранд, мувофиқтар аст. Антифризро барои ях набастани шишаи мошин низ истифода мебаранд. Антифризе, ки аз омехтаи этиленгликол ва об иборат аст, бештар истифода мешавад. Этиленгликол моеи часпаки берангу бӯй буда, ҳарорати ҷӯшишаш 197,4° аст. Дар саноат ду навъи антифризи этиленгликолӣ (40 ва 65; рақамҳо ҳарорати яхбандии онҳоро нишон медиҳанд) истеҳсол мешавад. Антифризи этиленгликолии 40 аз 53 % этиленгликол ва 47 % об, антифризи этиленгликолии 65 бошад, аз 65 % этиленгликол ва 35 % об иборат аст. Пеш аз рехтани антифриз системаи сардонии муҳаррикро тоза мекунанд. Агар дар таркиби антифриз зарраҳои гуногун вуҷуд дошта бошанд, онро бо чанд қабат матоъ полоидан лозим аст. Антифризро назар ба об 5 — 7 % камтар мерезанд, зеро он вақти гарм шудан ҳаҷман васеъ мегардад. Ҳангоми кор кардани муҳаррик миқдори антифриз дар натиҷаи бухор шудани оби маҳлул кам мешавад. Бинобар ин дар мавриди кам шудани антифриз ба системаи сардонӣ оби соф илова кардан лозим аст. Антифризи этиленгликолӣ заҳр буда, металлу резинаро вайрон мекунад. Барои пешгирӣ намудани ин ҳолат ба чунин антифризҳо моддаҳои махсус ҳамроҳ менамоянд. Ҳангоми бо антифриз кор кардан эҳтиёт бояд шуд. Бо даҳон ба тавассути рӯдаҳои резинӣ берун кашидани антифриз метавонад боиси заҳролудӣ ва ҳатто марг гардад. Кӯшидан лозим аст, ки Антифриз ба пӯст нарасад. Дар мавриди ба муҳаррик рехтани антифриз дастпӯшаки резинӣ пӯшидан лозим аст. Системаҳои сардонӣ ҳангоми рехтани антифриз бояд аз боқимондаҳои равған ё керосин тоза бошанд, зеро антифриз дар натиҷаи бо ин моддаҳо омехта шудан, сахт кафк карда, дамида мебарояд. Антифризи ба системаи сардонӣ рехтаро то охирин рӯзҳои сармо иваз намекунанд.

Аз соли 2008 навъи нави антифриз мавриди истифода қарор гирифт, ки асоси органикии онро ингибиторҳои минералӣ ташкил медиҳанд.

Адабиёт

вироиш
  • Бондарь В. А., Зоря Е. И., Цагарели Д. В., Операции с нефтепродуктами, М., 1999;
  • Сметанин В. И., Защита окружающей среды от отходов производства и потребления, М., 2000.