Антонинҳо
Антони́нҳо (лот. Antonini — сулолаи императорони Рум дар солҳои 96 — 192; унвони сулола аз номи Антонин Пий гирифта шуда, намояндагонаш инҳоянд: Нерва (96 — 98) — асосгузори сулола, Траян (98 — 117), Адриан (117—138), Антонин Пий (138—161), Марк Аврелий (161—180) ва шарикҳукмронаш Лусий Вер (161—169), Коммод (180—192).
Антонинҳо дар сиёсати дохилӣ ва берунӣ манфиати ғуломдорони Рум ва музофотҳои онро ҳимоят менамуданд. Сиёсати онҳо ба тақвияти иқтисодиёти империя равона карда шуда буд. Антонинҳои аввалин (хусусан Троян) дар сиёсати берунӣ хеле фаъол буда, ба империя заминҳои нав (соли 106 Дакия ва Арабистон, солҳои 114—115 Арманистон ва Байнаннаҳрайн)-ро ҳамроҳ карданд. Адриан сиёсати мустаҳкам намудани сарҳадҳо ва сохтмони иншооти муҳофизавиро пеш гирифт. Дар замони антонинҳо ғояи ҳокимияти мутлақ комилан ташкил карда шуд. Давраи антонинҳо нуқтаи олии авҷи сиёсати дохилӣ ва хориҷии империяи Рум ба шумор мерафт, вале дар замони Адриан бӯҳрони сохти ғуломдорӣ ва аз аҳди Марк Аврелий таназзули империяи Рум сар шуд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Антонинҳо // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Ин мақолаи хурд дар бораи султон ё намояндаи оилаи шоҳзода аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |