Антракт — (фр. antre – мобайн, acte – акт, амалиёт), танаффуси байни актҳои намоишҳои театрӣ ё шуъбаҳои консертӣ. Ҳамчунин навозиши муқаддимавии оркестрӣ дар ягон актҳо (ғайр аз Антракти 1), дар ягон намуди намоиши театрӣ – опера, драма, балет ва ғ. Антракт номида мешавад, (Навозиши муқаддимавии оркестрро дар акти 1-ум – увертюра, прелюдия, интродуксия, сарахбор меноманд). Антрактҳои симфонӣ дар операҳои «Кармен»-и Ж. Бизе, «Лоэнгрин»-и Р. Ванер ва ғ. дар дунё маълуму машҳуранд. [1]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.18. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)