Антрахинон
Антрахинон — як навъ пайвасти органикӣ. Кристаллҳои зарди равшан ҳосил мекунад; ҳарорати гудозишаш 286°С, ҳарорати ҷӯшиш — 382°С; дар нитробензол, анилин ва толуоли гарм нағз ва дар бисёр ҳалкунандаҳои дигар бад ҳал мешавад.
Общие | |
---|---|
Хим. формула | C14H8O2 |
Физические свойства | |
Молярная масса | 208 г/моль |
Термические свойства | |
Т. плав. | Шаблон:Физ.величина |
Т. кип. | 379,8 °C |
Таснифот | |
Рег. номер CAS | 84-65-1 |
PubChem | 6780 |
Рег. номер EINECS | 201-549-0 |
SMILES | |
InChI | |
ChEBI | 40448 |
ChemSpider | 13835294 |
Приводятся данные для стандартных условий (25 °C, 100 кПа), если не указано иного. |
Антрахинонро аввалин бор химики франсавӣ О. Лоран соли 1840 дар натиҷаи таъсири кислотаи нитрат ба антратсен ҳосил кардааст. Дар саноат ба сифати оксидкунанда бихромат ва кислотаи сулфатро истифода мебаранд. Антрахинон дикетони ароматист. Онро дар натиҷаи таъсири ҳамдигарии ангидриди кислотаи фталат ва бензол дар иштироки хлориди алюминийи беоб низ ҳосил кардан мумкин аст. Антрахинон барои истеҳсоли рангубори антрахинонӣ ашёи хом мебошад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Антрахинон // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.