Антропологизм (одам ва таълимот) — як назарияи фалсафа буда, намояндагонаш мафҳуми «инсон»-ро мақулаи умдае меҳисобанд, ки дар асоси он метавон системаи томи ақидаҳои фалсафиро роҷеъ ба табиат, ҷамъият ва тафаккур таҳия кард. Антропологизм инсонро ҷузъи собити дорои сифатҳои моддиву маънавии табиат дониста, моҳияти иҷтимоӣ ва таърихии ӯро ба эътибор намегирад.

Антропологизм ба ин ё он андоза хоси таълимоти бисёр файласуфони аҳди бостон, асрҳои миёна ва замони нав буд. Масалан, дар фалсафаи асрҳои миёнаи халқҳои Шарқи Наздик ва Миёна масъалаи инсон мавриди баҳсҳои зиёд қарор гирифт. Пайравони калом инсонро ҳақир ва дар маърифати олам нотавон тасвир карда, тамоми мақсади ҳаёти ӯро аз омодагӣ ба ҳаёти охират иборат медонистанд, мақоми ҷомеаро дар такомули вай ва мавқеи инсонро дар инкишофи ҷомеа рад мекарданд. Машшоия инсонро офаридаи Худо донад ҳам, ӯро дар рафтору кирдораш соҳибихтиёр мешумурд, аҳамияти муҳит ва таълиму тарбияро дар ташаккули шахсияти ӯ эътироф мекард. Тасаввуф мақоми инсонро то дараҷаи худоӣ мебардошт (масалан, нигар Инсони комил). Принсипи антропологизмро дар фалсафа Л. Фейербах ҷорӣ ва асоснок кардааст. Ӯ инсонро мавзӯи ягона, куллӣ ва олии фалсафа медонист. Ба қавли ӯ, «тамоми муҳокимарониҳои назарӣ дар бораи ҳуқуқ, ирода, озодӣ, шахсият бидуни инсон, сарфи назар ва ҳатто берун аз ӯ — ин ҳама муҳокимарониҳо бе ваҳдат, бе зарурат, бе ҷавҳар, бе асос ва бе воқеият мебошанд. Инсон ҳастии озодӣ, ҳастии шахсият, ҳастии ҳуқуқ аст». Фейербах фаҳмиши вуҷуди псиҳофизиологӣ будани инсонро ба асос мегирифт, яъне ба таъбири биологии табиати инсон пардохта, фаҳмиши иҷтимоии онро мавриди таҳқиқ қарор надодааст. Дар таълимоти ахлоқии Фейербах, ки асоси он ваҳдату робитаи мутақобилаи «Ман» ва «Ту» аст, системаи муносибатҳои ҷамъиятӣ бо мафҳумҳои «навъ» ва «муоширати байни афрод» иваз шудааст. Муҳаррики иродаи инсон саъю кӯшиш баҳри саодат аст, ки ба дарки масъулияти ахлоқӣ меорад, зеро «Ман» бе «Ту» на вуҷуд дошта метавонад ва на ба саодат ноил мегардад. Кӯшиш баҳри саодат ба дарки зарурати иттиҳоди инсоният дар роҳи ба даст овардани хайри умум меорад. Ин ба антропологизми Фейербах хислати гуманистӣ ва демократӣ мебахшад, аммо азбаски ӯ ба фаҳми зарурати тағйир додани шароити ҳастии ҷамъиятӣ баҳри ба даст овардани саодат нарасид, материализми антропологиаш механистӣ ва муроқибавӣ буд.

Баррасии антропологизмро Н. Г. Чернишевский дар асари асосии фалсафиаш «Принсипи антропологӣ дар фалсафа» (1860) идома додааст. Ӯ дар дараҷаи антропологизми метафизикӣ монда бошад ҳам, бар хилофи Фейербах, табиати инсонро на танҳо дар мақулоти биологӣ, балки иҷтимоӣ низ ифода кардааст. Ба қавли ӯ, «…асоси тамоми гуфтаҳои мо дар бораи ягон соҳаи махсуси ҳаёт…бояд фаҳмиши умумӣ оид ба табиати инсон, ангезаҳои ба фаъолият водоркунанда ва талаботи он бошад». Чернишевский дар бораи ҳалли на танҳо назариявӣ, балки амалии суоли «инсон чист?» масъала мегузорад, яъне бояд чунин шароити сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодиеро муҳайё кард, ки азхудкунии одилонаи неъматҳо ва саодати ҳар фардро кафолат диҳад. Принсипи антропологизмро минбаъд фалсафа, сотсиология, этика ва эстетикаи буржуазии садаи XX инкишоф дод. Файласуфони марксист антропологизмро барои маҳдудияташ танқид карда, онро ба асос мегиранд, ки «моҳияти инсон абстракти хоси фарди алоҳида нест. Он дар ҳақиқат маҷмӯи тамоми муносибатҳои ҷамъиятист» (К. Маркс). Нигар низ

Нигаред низ

вироиш

Адабиёт

вироиш