Ану
Ану, C12H10O2 — як навъ ҳербисид. Моддаи сафеди кристаллӣ; ҳарорати гудозиш 133°С. Дар шакли кислота ва намаки калий (дар об нағз ҳал мешавад) истеҳсол карда, барои танзими рушд, пешгирии рехтани мева ва дер гул кардан (бо мақсади сармо назадан) ба дарахтони себ мепошанд. Дар шакли маҳлул (20 — 150 мг дар 1 л об) истифода мешавад. Барои занбӯри асал чандон зарар надорад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Ану // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Ин химия мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. |