Анхел
Анхел, Чурун-Мерун (Angel, Churun Merun) — шаршара дар Америкаи Ҷанубӣ.
Дар болооби дарёи Чурун (ҳавзаи Ориноко), дар теппакӯҳҳои Гвиана, дар ҳудуди Боғи миллии Канаймаи Венесуэла воқеъ гаштааст. Анхел аз қ-и теппакӯҳи мусаттаҳе, ки онро мардуми таҳҷоӣ Ауян Тепуй (Кӯҳи Ҷин) меноманд, ҷорист. Анхел баландтарин шаршараи олам буда, иртифои зинаи ҷоришавиаш 1054 м ва баландии резиши озодаш 979 м аст. Ба шарафи лётчики америкоӣ Ҷимми Энҷел (Анхел), ки соли 1935 барои дарёфти тило ба ҷангалҳои тропикии Венесуэла дар моноплани «Фламинго» (ҳоло моли Музейи авиатсияи Маракай, Венесуэла) парвоз карда онро дарёфтааст, номгузорӣ шудааст. Анхелро бори аввал соли 1910 тадқиқотчии испанӣ Эрнесто Санчес ла Крус вохӯрда буд, аммо бо сабаби маҳдуд будани имкониятҳои хабаррасонии он замон ва ё дигар сабабҳо он қадар овоза нашуд. Дарёфти Энҷел кашфи расмии Анхел дониста шудааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Анхел // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Пайвандҳо
вироиш- salto-angel.com — вебгоҳи расмии шаршари Анхел