Анҷумани нависандагони Тоҷикистон
Анҷумани нависандагони Тоҷикистон — мақоми олии идораи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Дар Анҷумани нависандагон муҳимтарин масъалаҳои эҷодию ғоявии адабиёт, ҳунари нависандагӣ, равияҳову ҷараёнҳои нави адабӣ, бурду бохти асарҳои мансуру манзум, асарҳои саҳнавӣ, адабиёти бачагону наврасон ва нақди адабӣ, ки аз як анҷуман то анҷумани дигар ба табъ расидаанд, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегиранд. Анҷумани нависандагон оиномаи ИН-ро қабул мекунад, агар зарурат пеш ояд, ба он тағйироту иловаҳо ворид месозад. Ҷараёни Анҷумани нависандагон аз интихоби мақомоти пешбарандаи кор (раёсат, котибот, ҳайати таҳририя ва комиссияи мандатӣ), оғоз меёбад. Дар замони шӯроӣ тибқи анъана дар Анҷумани нависандагон дар оғоз Котиби якум ва ё Котиби идеологии Ҳизби коммунистӣ суханронӣ мекарданд. Дар даврони давлати соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анҷумани нависандагон агар Президенти кишвар иштирок дошта бошад, сухан мекунад ва ё ҷонишини аввали сарвазир номаи табрикии Президентро қироат менамояд. 23 апрели сои 1932 Қарори КМ ВКП (б) «Дар бораи дигаргунсозии ташкилотҳои адабӣ-бадеӣ» ба тасвиб расид. Дар асоси ин қарор Ҳизби коммунистии Тоҷикистон қарори худро (10 июли 1932) қабул намуд; дар он аз ташкили Оргбюрои (Кумитаи тадорукоти) ташкили Анҷумани нависандагони Тоҷикистон дар ҳайати зерин — Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Расулӣ (раис), С. Улуғзода, З. Тӯрақулов, Қ. Дайламӣ, Ҳасанӣ, Рустамова, Б. Азизӣ, Бурҳонов, Юртаев, Рашид Абдулло (котиби масъул) суҳан мерафт. Анҷумани якуми нависандагони Тоҷикистон аз 10 май то 18 майи соли 1932 давом кард. Рӯзномаи анҷуман аз 10 масъала иборат буд:
Маърӯзаи ҳисоботии Бюрои осиёимиёнагии нависандагон; Маърӯзаи ҳисоботии С. Носиров; Шаби адабӣ бахшида ба Пайрав Сулаймонӣ ва Мунзим (маърӯзаҳои Қ. Дайламӣ ва Раҳим Ҳошим); Шаби адабӣ бахшида ба эҷодиёти Фирдавсӣ (маърӯзаи профессор Фитрат); Дар бораи забони адабиёти бадеӣ ва аз ҷумла адабиёти тоҷик (маърӯзаи Комилӣ); Дар бораи вазъи ҷамъоварии фолклор (маърӯзаи Ҷабборӣ); Инъикоси Тоҷикистон дар адабиёти рус (маърӯзаи В. Шкловский); Дар бораи драматургияи тоҷик; Ташкили кор бо адибони ҷавон (маърӯзаи Зинкевич); Интихобот.
Дар ин анҷуман намояндаи нависандагони СССР, котиби якуми КМ ПК (б) Тоҷикистон Бройдо ва Раиси Шӯрои Комиссарони халқ А. Раҳимбоев, Абулқосим Лоҳутӣ суханронӣ карданд. Дар анҷумани мазкур Раиси ИН Тоҷикистон С. Носиров, котиби масъул Раҳим Ҳошим ва Раиси комиссияи тафтишот Алӣ Хуш, вакилон ба Анҷумани якуми нависандагони СССР интихоб гардиданд. Дар ҷараёну баргузории анҷуманҳои минбаъдаи ИН Тоҷикистон баъзе навигариҳо ба миён омаданд. Дар Пленуме, ки баъди анҷуман баргузор мешавад, раиси ИН, котибони ӯ (се нафар), инчунин сармуҳаррирони нашрияҳои ИН (ҳоло — 2011 — маҷаллаи «Садои Шарқ», г. «Адабиёт ва санъат», маҷаллаи «Памир») интихоб мешаванд. Баъд аз Анҷумани якуми ИН Тоҷикистон солҳои 1947, 1954, 1959, 1966, 1971, 1976, 1981, 1986, 1997, 2003, 2008 дувоздаҳ Анҷумани нависандагон баргузор гардиданд.
Адабиёт
вироиш- Анҷумани нависандагони Тоҷикистон / Ҷ. Бақозода // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Набиев А. Таърихи ташаккули Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Д., 2004.