Анӯша Ансорӣ (форсӣ: انوشه انصاری‎; зод. 12 сентябр 1966, Машҳад) — ковишгар, муҳандис ва корофарини эронӣ-америкоӣ, раиси Анҷумани гардонандагони ширкати фанноварии иртибот аз роҳи дур (TTI). Ануша Ансорӣ, аввалин зани гардишгари фазоӣ, аввалин эронитабор, дувумин фазонаварди форсизабон пас аз Абдулаҳад Муманд ва аввалин зани мусулмонест, ки ба фазо сафар кардааст[1].

Анӯша Ансорӣ
англ. Anousheh Ansari
Таърихи таваллуд 12 сентябр 1966(1966-09-12) (58 сол)
Зодгоҳ
Кишвар
Алма-матер
Ҷоизаҳо
Вебгоҳ anoushehansari.com
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Анӯша Ансорӣ 12 сентябри 1966 дар шаҳри Машҳад ба дунё омада, давраи тифлӣ ва ҷавониашро дар Теҳрон гузаронида соли 1984 бо ҳамроҳи хонаводааш ба Амрико кӯчидааст. Донишгоҳҳои Ҷорҷ Мэйсон (бакалавр) ва Ҷорҷ Вашингтонро хатм кардааст.

Парвози ӯ ба кайҳон ба сифати кайҳонгард аз 18 то 29 сентябри соли 2006 сурат гирифтааст.

  1. Anousheh Ansari | Biography, Spaceflight, & Facts | Britannica(англ.). www.britannica.com (8 September 2023). 2 октябри 2023 санҷида шуд.