Аорсҳо
Аорсҳо (юн.-қад. Aorsoi) — иттифоқи қабилаҳои сармат.
Дар бораи Аорсҳо Страбон, Птоломей, Плиний, Тасит маълумот додаанд.
Таърих
вироишДар солномаҳои хитойӣ чун янсай маълуманд. Аввал дар шимолӣ Баҳри Арал ё Хазар маскан доштаанд. Ибтидои садаи II то м. дар биёбони соҳили шимолӣ Баҳри Хазар ва дарёи Дон, дар ҷануб то Кавказ паҳн шуданд. Аорсҳо чорводорони бодиянишин ва ҷанговар буда, дар тиҷорати байни халққҳои Моварои Кавказ, давлати Босфор ва Осиёи Марказӣ, дар ҷангҳои дохилии Босфор иштироки фаъол доштанд. Аорсҳо садаи II мелоди ба иттифоқи қабилаҳои сармат, ки аланҳо сарвари онҳо буданд, дохил гаштанд. Қабристонҳои асрҳои 4 – 2 то м-и биёбони Оренбург ва Поволжиеи Поёнро ба Аорсҳо нисбат медиҳанд
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Аорсҳо // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.