Апаоша — дар асотири мардуми ориёинажод дев (офариниши бад), таҷассуми хушксолист.

Мувофиқи устурае, ки дар «Тиштр-яшт»-и Авесто омадааст, Апаоша ба сурати аспи сиёҳи беёлу мӯи рехта, харобу лоғар ва муҳиб мебошад ва бо эзиди борон — Тиштрйа се шабонарӯз ҷанг мекунад. Дар ин устура Тиштрйа — рақиби Апаоша — аспи сафеди заринёл бо гӯшҳои зарину лигоми зарнишон аст. Набарди онҳо дар болои дарёи Воурукаша (васеъканор) сурат мегирад. Бори аввал дар ин ҷанг Апаоша пирӯзӣ меёбад. Тиштрйа аз Аҳура Маздо ёрӣ меҷӯяд. Мардум низ қурбониҳо карда, ба Тиштрйа ёрӣ мерасонанд. Дар набарди дуюм Тиштрйа бар Апаоша пирӯз мешавад ва ӯро аз дарёи Воурукаша ҳазор қадам дур меандозад ва бар рӯи замин борони файзбахш меборад. Дар ин устура ҳодисаву воқеаҳои табиат — раъду барқ, боридани борон ба шакли рамзӣ тасвир шудаанд. Апаоша рамзи хушкӣ, хушксолӣ ва гармои тобистон аст, ки то пойиз (тирамоҳ) давом мекунад. Дар тирамоҳ мавсими боронгарӣ сар мешавад ва хушкиву гармои тобистон барои мавҷудияти худ мубориза мебаранд. Дар тасаввури мардум торикӣ, тундбод, гулдуроси раъду барқ пеш аз сар шудани борон ҷангу задухӯрди эзиди борон — Тиштрйа ва Апаоша буд. Устураи эзиди борон ва деви хушксолӣ — Апаоша ба эҷодиёти даҳанакии халқи тоҷик таъсир расонда, баъзе унсурҳояш дар эҷодиёти халқ роҳ ёфтаанд. Ҳоло ҳам мардум қурбонӣ мекунанд ва аз Худованд боридани боронро дархост менамоянд. Маросими даъвати борон дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон Ашаглон, дар баъзе ноҳияҳо Сусхотун ном дорад. Ҳангоми иҷрои ин маросим сурудҳо мехонанд ва рақс мекунанд.

Адабиёт

вироиш
  • Авесто, Д., 2001;
  • Пури Довуд, Яштҳо, ҷ-ҳои 1 — 2, Т., 1348 ҳ. ш.