Апатит (юнонӣ apátē – фиреб, аксар вақт ба ҷойи минерали дигар қабул мешуд) — минералест аз гурӯҳи намакҳои фосфати калсий, ки дар таркибаш ҳамеша як миқдор фтор ва хлор низ дорад.

Апатит

ХусусиятВироиш

Формулаи химиявиаш 3Ca3(PO4)2•Ca(F,Cl)2. Системаи кристаллбандиаш гексагоналӣ; кристаллҳояш дарози призмашакл, баъзан бисёркунҷа.

СохтВироиш

Рангаш сабзи кабудча, хокистарӣ, сиёҳтоб ва ғайра мешавад. Сахтиаш 5; зичиаш 3160 – 3200 кг/м3. Апатит аз рӯи таркиби химиявӣ ба фторапатит, хлорапатит, гидроксилапатит ва ғайра тақсим мешавад.

ИстифодабарӣВироиш

Апатит дар таркиби ҷинсҳои магмавӣ бештар буда, дар ҷинсҳои таҳшин асосан дар шакли фосфоритҳо вомехӯрад. Апатитро барои истеҳсоли нуриҳои фосфатдор, фосфордор ва пайвастҳои он, дар металлургияи сиёҳ ва ранга, кулолгарӣ ва истеҳсоли шиша истифода мекунанд. Дар ҷаҳон кони калонтарини апатит дар Россия (нимҷазираи Кола) воқеъ аст. Захираи калони он дар конҳои маъдани оҳани Шветсия, Норвегия, Африқои Марказӣ ва Шарқӣ ва Тоҷикистон низ мавҷуд аст.

ЭзоҳВироиш

СарчашмаВироиш